Вазири маориф ва илм бо вазъи таълиму тарбия дар Мактаби президентии ноҳияи Кӯшониён шинос шуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода 6 апрел бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия, таъминот бо маводи хониш, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва таъминоти кадрӣ аз Мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён дидан намуд. Дар ҷараёни боздид вазир бо ҷараёни тадрис, шароити таҳсил, таъмини ғизо, вазъи беҳдошти ошхонаи мактабӣ, хобгоҳи хонандагон ва таъминоти кадрӣ шинос шуда, ҳамзамон аз ҳолати омодасозии шогирдон ва иштироки нокифояи онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирии омӯзгорон аз сӯи роҳбарият изҳори нигаронӣ кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири маориф ва илм ҳамчунин бо омӯзгорони фанни забони русӣ, ки аз Федератсияи Русия ҷалб гардидаанд, суҳбати пурмуҳтаво ороста, аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Русия дар самти маориф ва илм қаноатмандӣ изҳор намуд.
Дар охир вазир бо ҳайати омӯзгорони мактаби мазкур вохӯрда, онҳоро ба хештандорӣ, кӯшишу ҷадал дар роҳи омода намудани шогирдони босаводи сатҳи байналмилалӣ, ба роҳ мондани таълим ба забонҳои русӣ ва англисӣ, ширкат дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, ҷалби омӯзгорони варзида ба Мактаби президентӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Ҳамчунин ба роҳбарияти муассиса дар самти беҳтар намудани шароити таҳсил, таъмин бо китобҳои дарсиву бадеӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар хобгоҳ ва ошхонаи муассиса, ҳавасмандгардонии омӯзгорону шогирдони варзида дастурҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ








ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд






