30 май дар Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 майи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» 16 май ба тасвиб расид.
Тавре дар дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосияи мазкур 30 майи соли 2022, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.
Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ва «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, инчунин пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмуриву ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-29 майи соли 2022 аз соати 09:00 то соати 17:00 ва 30 майи соли 2022 аз соати 08:00 то 09:30 дар шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Телефонҳо: 221-98-35, 221-12-47.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Мавсума Муинӣ дар мулоқоти намояндагони парлумонҳои давлатҳои арабӣ ва осиёӣ бо Раиси Парлумони Шри-Ланка иштирок намуд
Нишасти солонаи байниминтақавии парлумонҳои кишварҳои арабӣ ва осиёӣ баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд






