«ҲАФТ ПУШТИ ХУДРО ДОНИСТАН ШАРТ АСТ!». Мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар Кӯлоб
КӮЛОБ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси ҳар як оилаи Тоҷикистон гардид, имрӯз мавриди таваҷҷуҳи хосу оми Тоҷикистон гардидааст. Калонсолон бо ташнагӣ онро варақ мезананд, мехонанд ва ба насли ҷавону ояндасоз мутолиаи онро маслиҳат медиҳанд.
Сокини шаҳри Кӯлоб Давлатмурод Раҳимов (ДАР АКС) аз китоби «Тоҷикон» истифода карда, 10 маҷмӯаи шеъри худро рӯи чоп оварда, ҳангоми мутолиаи он фарзандону наберагонашро наздаш мехонад ва бардошти маънавиашро аз ин асари безавол ба онҳо нақл менамояд. Дар бораи ин китоб бо ҳиссиёт ҳарф мезанад ва барои дастрас гардиданаш изҳори сипос ба Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон менамояд.
Қобили зикр ва пайравӣ аст, ки Давлатмурод Раҳимов дар замири фарзандону наберагон шавқи китобхонию китобдӯстиро бедор сохтааст. Дар ин оила ҳама ба хондани китоб рағбати беандоза доранд. Фарзанди калонии бобои Давлатмурод Наргис Раҳимова дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Ӯ аллакай китоби «Тоҷикон»-ро мутолиа карда, дар раванди дарсҳояш аз он васеъ истифода мебарад.
Тавре Наргис Раҳимова мегӯяд, ӯ ҳамарӯза ин китоби пурқимат ва пурҳикматро ба шогирдон омӯзонида, моҳияти онро ба онҳо мефаҳмонад, то ки аз таърихи гузаштагон бархурдор гарданд.
«Таърихи гузаштаи халқамонро ҳар як сокини кишвар бояд донад, бинобарин китобҳои «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бояд ҳама хонанд. Мардум беҳуда нагуфтаанд: ҳафт пушти худро донистан шарт аст», — иброз дошт Наргис Раҳимова.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Кӯлоб дар аксари оилаҳо чун оилаи Давлатмурод Раҳимов китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро дастаҷамъона мехонанд ва муҳтавои ҳар як саҳифаро ба ҳамдигар шарҳ медиҳанд. Мутолиаи ин асари таърихӣ тафаккур ва ҷаҳонбинии хонандаро васеъ менамояд ва хонандаи закӣ аз таъриху фарҳанг, маданияти миллати тоҷик огаҳии бештар пайдо менамояд.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик






