Ҳайати Маҷлиси намояндагон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуд

Май 16, 2022 08:18

 ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон парвоз намуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ  17-18 май  дар кори конференсияи 3-юми генералии Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Боку мегузарад, иштирок менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки санадҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба имзо ва тасвибрасида, аз ҷумла Созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ, Созишнома дар бораи боркашонии транзитӣ дар минтақа ва Созишномаи тиҷоратии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои рушди тиҷорат ҳамчун унсури асосии ҳамкории минтақавӣ дар кишвари мо ниҳоят муҳим арзёбӣ мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  ният дорад, ки дар оянда низ дар фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкории иқтисодӣ пурсамар иштирок намуда, сатҳу сифати ҳамкории бисёрҷонибаи худро баланд бардорад. Тоҷикистон мудом ҷонибдори тақвияти ҳамкории тиҷоратии минтақавӣ дар доираи  Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба манфиати шукуфоии мардумони кишварҳои аъзои Созмон мебошад.

 Акс: МН МО ҶТ

Май 16, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд