Ҳайати Маҷлиси намояндагон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон парвоз намуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ 17-18 май дар кори конференсияи 3-юми генералии Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Боку мегузарад, иштирок менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки санадҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ассамблеяи Парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба имзо ва тасвибрасида, аз ҷумла Созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ, Созишнома дар бораи боркашонии транзитӣ дар минтақа ва Созишномаи тиҷоратии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои рушди тиҷорат ҳамчун унсури асосии ҳамкории минтақавӣ дар кишвари мо ниҳоят муҳим арзёбӣ мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар оянда низ дар фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкории иқтисодӣ пурсамар иштирок намуда, сатҳу сифати ҳамкории бисёрҷонибаи худро баланд бардорад. Тоҷикистон мудом ҷонибдори тақвияти ҳамкории тиҷоратии минтақавӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба манфиати шукуфоии мардумони кишварҳои аъзои Созмон мебошад.
Акс: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






