Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Шарм-ул-Шайхи Миср баргузор мешавад, зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Директор оид ба рушди Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Мирза Ҷаҳанӣ дар Душанбе баррасӣ шуд, иттилоъ доданд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва сафарбаркунии захираҳо ва саҳми эҳтимолии Департаменти корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушд /FCDO/ дар масъалаҳои баланд бардоштани иқтидор оид ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлимро муҳокима намуданд.
Инчунин раиси Кумита баргузории Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон масъалаи аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






