Аз истгоҳҳои роҳи оҳани Хатлон 2 ҳазору 700 тонна пиёзи хушсифат содирот гардидааст

Май 10, 2022 08:57

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон ба давлатҳои хориҷӣ 2 ҳазору 700 тонна пиёзи хушсифат содирот шудаву ин рақам рӯ ба афзоиш аст. Дар ин бора 6 май зимни боздиди Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ аз роҳи оҳани вилоят иттилоъ дода шуд.

Тавре дар шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар корхонаи роҳи оҳани вилоят бо мақсади содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз тадбирҳо андешида, соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал — пиёзи барвақтиро ба Қазоқистон ва Русия мебаранд.

Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Ҳамасола аз шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногуни кишоварзии мавриди ниёзи аввал ба дигар давлатҳо содирот шуда, ин тадбир дар некуаҳволии сокинон нақши созгор дорад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти беҳтар ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ тамоми сохторҳои марбута вазифадор гаштаанд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ба раванди корҳои содиротӣ аҳамияти ҷиддӣ равона созанд.

Раиси вилояти Хатлон ба масъулин бобати босифат ва сари вақт банду баст кардани пиёз ва дар муҳлати пешбинишуда ба ҷойи зарурӣ расонидани он маслиҳатҳои муфид дод.

Зикр шуд, ки масъулини шаҳру ноҳияҳое, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзро ба роҳ мемонанд, бояд ба сифати банду баст ва беҳдошти маҳсулот диққати аввалиндараҷа дода, ҳамзамон бо дастгирии мақомоти шуғли аҳолӣ шахсони корҷӯйро ба корҳои мавсимӣ ҷалб намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Май 10, 2022 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард