Ба минтақаи Кӯлоб нақлиётҳои сайёри тиббӣ тақдим гардиданд

Май 9, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 09.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нақлиётҳои сайёри тиббии калонҳаҷм, ки дар онҳо ҳуҷраҳои зарурӣ, аз ҷумла бемориҳои чашм, дил, акушерӣ, ташхисҳои фаросавтӣ, томографияи компютерӣ, ташхиси нурии ғадуди ширӣ, озмоишгоҳ, рентгени рақамӣ, барои даруннигарӣ — индоскопияи хурд, ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, ҷойи кории табибон, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд, тақдим гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маросими расмии тақдими нақлитҳои сайёрии тиббӣ 7 май дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулраҳмон Ал-Решайдон, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, намояндагони Барномаи хайриявии Шоҳ Абдулло ибн Абдулазиз ва сокинон баргузор гардид.

Дар маросим доир ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз гардид, ки тақдим ва дастрас шудани нақлиётҳои сайёри тиббии мазкур баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии минтақаи Кӯлоб саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Баъд аз маросими расмӣ меҳмонон бо клиникаҳои сайёр шинос шуданд.


Дар идомаи сафар меҳмонон ба Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, дар ин ҷо бо гӯшаи ашёҳои таърихӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумии минтақа шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки 27 октябри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашт барои харидорӣ ва истифодаи клиникаҳои сайёр дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома ба имзо расонида шуда буд. Ин кумак аз ҷониби Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ тавассути Бонки исломии рушд тақдим гардидааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

 

Май 9, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд
«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ШУКУФОИИ ВАТАН». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми 6-уми «Сарварони ҷавони эҷодкори Осиёи Марказӣ ва Русия» иштирок менамоянд
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мегардад
Душанбе мизбони Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОР ВА ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ҶАҲОНӢ». Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад