БА НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҚАРОБАТИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАР БАҲОИ БАЛАНД ДОДА ШУД. Дар Тошканд Форуми дипломатияи мардумии СҲШ баргузор гардид

Май 12, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи фаъолияти раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 11-12 май дар Тошканд таҳти шиори «Дипломатияи мардумӣ – ҳамдигарфаҳмӣ ба хотири рушд» форум баргузор мешавад. Дар он Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва ва Мухтори ҶТ дар ҶУ Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ, Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, собиқ Роҳбари ВКХ ҶТ, собиқ Муншии умумии СҲШ Рашид Олимов, муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Шукрона Раҷабова намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Маркази дипломатияи мардумии Узбекистон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш и.в. Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов зимни суханронии хеш тазаккур дод, ки дар ҷомеаи муосир дипломатияи мардумӣ бо хусусиятҳои хоси худ — ошкорбаёнӣ ва беғаразӣ аҳамияти калидӣ пайдо касб менамояд. Дар робита ба ин, ҷониби Узбекистон дар доираи раёсати худ ба таҳияи ин механизм барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимод миёни кишварҳои узви Созмон тавассути фаъолсозии равобити фарҳангӣ ва башардӯстона аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Зикр гардид, ки СҲШ дар марҳилаи кунунӣ ба рушди муколамаи байни тамаддунҳо фаъолона мусоидат намуда, халқҳои дорои фарҳангу анъанаҳои гуногунро бо ҳам мепайвандад. Механизмҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, сайёҳӣ, ҷавонон ва сиёсати гендерӣ, марафонҳои байналмилалии СҲШ ва намоишгоҳи «Ҳашт мӯъҷизаи СҲШ» ба муаррифӣ ва тарғиби арзишҳои таърихию фарҳангии кишварҳоямон мусоидат мекунанд.

Иштирокчиёни мулоқот якдилона изҳори ақида намуданд, ки натиҷаҳои Анҷумани дипломатияи мардумии Тошканд, идеяҳо ва лоиҳаҳое, ки дар доираи он ба вуҷуд меоянд, боз як қадами муҳим дар роҳи наздикшавии минбаъдаи кишварҳои мо хоҳанд гузошт.

Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Сафорати ҶТ дар ҶУ, Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунанд.


Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ, Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода дар мавзӯи «Муколамаи фарҳангӣ – омили муҳими рушди дипломатияи мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ: таҷрибаи Тоҷикистон» маърӯза кард. Ӯ зикр намуд, ки тақвият бахшидан ва ғанӣ гардонидани муколама дар заминаи ҳамкорӣ бояд боиси дарки беҳтар ва наздикшавии минбаъдаи халқҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои давлатҳои аъзои оилаи СҲШ гардад, чунки муколамаи фарҳангҳо ҷузъи ҷудонашавандаи «Руҳияи Шанхай»-ро ташкил медиҳад.

Инчунин ба хидмати роҳбарони кишварҳо дар таҳкими дӯстӣ миёни мардумони минтақа, бахусус нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар қаробату наздикшавии ду миллати бародар пайваста баҳои баланд дода шуд.


Анҷумани дипломатияи мардумӣ ҳамчун платформаи муассири иртиботии механизмҳои дипломатияи мардумӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, парлумонӣ, ҷамъиятӣ, тадқиқотӣ, илмӣ ва ғайриҳукуматии кишварҳои СҲШ, давлатҳои нозир ва шарикони муколама, инчунин марказҳои миллии фарҳангии инкишофи ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ роҳандозӣ мешавад.

Нахустин Форуми дипломатияи мардумӣ соли 2021 бо ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуда буд.

АКС: хадамоти матбуоти МДМ РӮ/Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Май 12, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд