Беҳтарин шоҳмотбозони Тоҷикистон дар Турсунзода муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16-21 май дар шаҳри Турсунзода Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, дар чемпионат 63 нафар, аз ҷумла 17 бону аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карданд. Сабқатҳо миёни мардҳо, бонувон ва собиқадорон доир шуданд.
Ҳамин тариқ, миёни мардҳо зинаи аввал насиби намояндаи шаҳри Душанбе Меҳриддин Шарифов шуд. Намояндагони дигари шаҳри Душанбе Алишер Каримов ҷои дуюм, Сӯҳроб Ҳамдамов ҷои сеюмро гирифтанд.
Миёни бонувон Мутриба Ҳотамӣ (аз Душанбе) дубора беҳтарин бонуи шоҳмотбози кишвар буданашро нишон дод. Рухшона Саидова аз вилояти Суғд дар мақоми дуюм, Лидия Антонова (Душанбе) дар мақоми сеюм мавқеъ гирифтанд.
Миёни собиқадарон намояндаи дастаи «Хатлон-2» Ашӯр Ёрмадов унвони чемпиониро сазовор шуд. Ҳамдастааш Зурхон Ризвонов дар мақоми дуюм, намояндаи ВМКБ Олуча Ҷумъаев дар зинаи сеюм қарор гирифтанд.
Ғолибон бо медалу дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷоизапулии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






