«ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Дуюмин меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент доир гардид

Май 11, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 11.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» — таҳти чунин унвон меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ ба ноҳияи Айнӣ  ва шаҳри Панҷакент оғоз гардид, ки дар он 130 нафар ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд. Меҳмонии ҷавонон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сурат гирифт. Дар ин бора мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб  Розиқзода хабар дод.

Зимни боздид аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент ҷавонон бо маконҳои диданибоб ва ёдгориҳои таърихии ин минтақа шинос гардида, бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму оинҳои меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои банақшагирифта ҷойгир карда шуданд.

Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ пайдо намудан бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи кишвар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 54 нафар ҷавонони фаъоли ВМКБ ҷиҳати иштирок дар ин меҳмонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 6 май сафарбар карда шуда, давоми як шабонарӯз меҳмони ҷавонони ноҳияи Ш. Шоҳин гардиданд. Рӯзи дуюм бо Донишгоҳи давлатии Данғара ва Осорхонаи мактабии Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара шинос гардиданд.

Баргузории чунин меҳмонӣ то охири сол идома ёфта, дар маҷмӯъ тибқи нақша 9 меҳмонии ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ доир карда мешавад. Дар ҳар меҳмонӣ иштироки 130-150-нафарӣ ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 11, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд
«ТОБИСТОН-2026». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии истироҳатгоҳҳои тобистона доир гардид
Ширкати «IRS» дар 320 километр роҳ навсозӣ анҷом медиҳад
Кумакҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мешавад
5 май дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Кӯлоб бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир гардид
Дар Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб сафар намуд
ОГОҲӢ. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то 4 май хавфи сар задани сел боқӣ мемонад
Дар шаҳри Кӯлоб дар пайи бориши пай дар пай сел омада, ба хонаҳои сокинон хисорот расид