Дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Майдони 800-солагии Москва»-и пойтахт даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон, фаъолзанон, чеварону ҳунармандон аз ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони ВАО иштирок намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе.
Зимни ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зикр намуд, ки «мақсади асосии баргузории фестивал- баланд бардоштани эхҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Баргузории ин фестивал имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳануз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд».
Дар Фестивал таъкид гардид, ки бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати чакандӯзӣ бо тамоми назокаташ бори дигар эҳё гардида, дар ҷаҳон шуҳрат пайдо намудааст. Чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои “Авасто”, “Шоҳнома” ва осори бисёре аз адибони гузашта маълумот дарёфт кардан мумкин аст. Ҳар нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро дар худ инъикос месозад.


Фестивали «Сад ранги чакан» аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимии чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарраву либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ иборат буд, ки аз ҷониби занону бонувони пойтахт пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд.
Иштирокчиёни фаъоли фестивал бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар фестивал ҳунармандону санъаткорон бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз суруду тарона ва рақсҳои дилнишини ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон иборат буд, табъи ҳозиринро болида гардониданд.


Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2018 дар ҷаласаи 13 –уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, номинаи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Дар ҷаласаи мазкур беш аз 800 нафар намоянда аз 120 давлати дунё иштирок доштанд, ки аксарияти онҳо номинаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуданд.
«Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст», — чунин муаррифӣ карда шудааст чакан дар сомонаи ЮНЕСКО.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






