Дар Душанбе вохӯрии минтақавии шарикони низоми маориф ва иттифоқҳои касаба гузаронида шуд

Май 17, 2022 16:51

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе вохӯрии минтақавии шарикони «Системаи маориф ва иттифоқҳои касаба дар мамлакатҳои рӯ ба тараққии Осиёи Марказӣ: мушкилоти асосӣ ва ҳалли онҳо» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Дар кори он меҳмонон аз хориҷи кишвар, роҳбарони бархе ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба, фаъолони ҳаракати иттифоқи касаба, намояндагони ниҳодҳои дахлдор ва воситаҳои  ахбори омма иштирок намуданд.​

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар ҳамоиш   иброз дошт, ки «масъалаи маориф рукни муҳими сиёсати давлат буда, ҳолат, рушд, натиҷа ва фаъолияти он аз омилҳои зиёд вобаста мебошад. Он  метавонад пешрафти босуботи давлат ва миллатро таъмин намуда, масъалаҳоро марбут ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳал намояд. Аз ин рӯ, давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттасил идома медиҳанд».

Зикр шуд, ки бо ҳидояти Сарвари давлат маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлол пайваста ғамхории хосса зоҳир гардид. Бо итминон метавон гуфт, ки роҳбарону фаъолон ва аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити шоистаи кор ва зиндагӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан рушди соҳаи калидии ҷомеа- соҳаи маориф ва илм содиқона хизмат мекунанд.

Дар муколамаи масъалаҳо муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода, намояндаи Egitim-Bir-Sen Селви Латиф ва ҳамчунин раиси ИККМИ Ҷумҳурии Беларус Татяна Якубович ва раиси ИККМИ Ҷумҳурии Қазоқистон Айгул Мукашева ширкат варзиданд.

Акс: ФИКМТ

Май 17, 2022 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд