Дар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар фуд-2022» якчанд созишномаҳо ба маблағи 20 миллион доллар ба имзо расонида мешаванд

Май 25, 2022 16:28

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар фуд — 2022», ки имрӯз дар шаҳри Бохтар оғоз шуд, беш аз 200 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, маъмурияти  дипломатии муқими Тоҷикистон, бахши хусусӣ, роҳбарони ширкату корхонаҳои ватаниву хориҷӣ, шарикони рушд ширкат доранд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар доираи форум наворҳои кӯтоҳмуддати «Имконияти содиротии Тоҷикистон” намоиш дода шуданд, ки иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар, истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, муносибатҳои тиҷоратӣ миёни харидорон ва содиркунандагонро нишон доданд.

Дар доираи форум вохӯриҳо дар сиғаҳои B2B ва B2G ба нақша гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагони форум, дар қисмати ниҳоии ҳамоиш имзои чанд созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 20 миллион доллар дар назар аст, ки ба содироти маҳсулоти ватанӣ ва ворид шудан ба бозорҳои нав мусоидат мекунад.

Дар барномаи форум вохӯриҳо оид ба марказҳои муттаҳидшавӣ, маркетинг ва пешбурди содирот, таъмини риояи стандартҳо ва талаботи бозорҳои содиротӣ пешбинӣ шудааст.

Форуми байналмилалии содирот дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди содирот ташкил карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ин форум дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, дар он намояндагони сохторҳои дипломатии Узбекистон, Русия, Беларус, Украина, Эрон, Афғонистон, Туркия, Литва, Гурҷистон ва Покистон, беш аз 200 нафар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ва харидорон аз Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Узбекистон барои пешбурди содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ширкат доштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2022 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад