Дар Тошканд доир ба нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ конфронси муштараки байналмилалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки 1 июни соли 2022 дар шаҳри Тошканд миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ» конфронси муштараки байналмилалӣ баргузор гардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Конфронс дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда, мақсади он таҳкими робитаҳои илмӣ, ташаккули дидгоҳи муштарак дар рушди устувори минтақа ва ба вуҷуд овардани фазои муколамаи давомдор дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар кори ҳамоиш олимону пажӯҳишгарон, коршиносони масъалаҳои илмию таҳлилӣ аз марказҳои зеҳнии ҷонибҳо иштирок менамоянд. Ҷониби Тоҷикистонро дар конфронси мазкур олимону таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон намояндагӣ менамоянд.
Тавре маълум аст, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев шароит фароҳам овардааст, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ рушд намуда, ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстона иқдомҳои муҳиму созандаро пайваста роҳандозӣ намоянд.
Баргузор гардидани чорабиниҳои муҳими илмии муштарак дар арафаи сафарҳои расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон, ки ба ҳукми анъана даромадаанд, далели возеҳи андешаҳои мазкуранд.
АКС аз бойгонӣ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид






