«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллӣ таҳти чунин унвон намоиши нигораҳо ифтитоҳ ёфт

Май 6, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 77–солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» намоиши нигораҳо ифтитоҳ гардид, ки то 15 май идома меёбад.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 80 адад нигораҳои нодир, аз қабили мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳо, лавозимоти ҷангӣ, ордену медалҳо ба маърази тамошо пешниҳод шудаанд, ки аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қисса мекунанд.

Дар гӯшае аз намоиш намунаи аризаҳои пешниҳоднамудаи ихтиёриёни ҷанг: Абдуллоева Марям, Баротов Сайид, Одилов Солӣ ва мактубҳои Ахмедов Машраб, Қодиров Абдусаттор, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ навиштаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Инчунин сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, дурбини иштирокчии ҷанг Чароғ Қодиров, обдони иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов, харитаи бо порчаи снаряд сӯрохшуда ва ба хун олудаи Р.Амонов дар намоиш гузошта шудаанд, ки солҳои мудҳиши ҷангро пеши назари тамошобинон падидор намуда, дар дили онҳо эҳсоси ватандӯстию хизмати софдилона ба сарзамини муқаддасамонро бедор месозанд.


Дар як қисмати намоиш мусаввараҳои рассомон, ки ба мавзӯи ҶДҶ бахшида шудаанд, пешниҳод гардидаанд. Аз ҷумла, офаридаҳои рассомон Хушвахтов Х.Д. «Модари Қаҳрамон Тӯйчӣ Эрҷигитов» (1926), Сапронов Б.Т. «Соли 1941» (1926), Бесперстов А.Т. «Бозгашти писар» (1923), Рахнаев И. Р. «Симои қаҳрамони ҷанг Неъмат Қарабоев», Белетский А. П. «Симои София Ниёзова», Хушвахтов Л. Х. «9 майи соли 1945», Сангов Ю. Н. «Майи 1945. Вохӯрии ғолибон» инъикосгари ин саҳифаи таърихи халқи тоҷик мебошанд.

Зимни ифтитоҳи намоиш намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Русия, Қирғизистон ва Озорбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Шаҳринав, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва 53-и ноҳияи И. Сомонии пойтахт иштирок намуданд.

Дар намоиш хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳудуди пойтахт оид ба ҷонфидоиҳои фарзандони шуҷои миллат суруд сароида, шеърҳои ватанпарастона қироат намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 6, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст