«ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ ВА БЕХАТАРИИ ОН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ». Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамоиш баргузор гардид

Май 6, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгорону донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев дар мавзӯи «Фазои иттилоотӣ ва бехатарии он дар раванди таълиму тарбия» ҳамоиш доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДДХ .

Устоди факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ, номзади илмҳои таърих Юсуф Саидҳасанов моҳияти мавзӯъро ба ҳозирин расонида, оид ба таркиби киберҷиноят, ҷинояти вазнин дар интернет, системаи муоширати компютерӣ, мақсадҳои асосии истифодаи интернет ва шаклҳои таъсиррасонӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки ҳоло шахсони манфиатпарасте, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд ва хоҷагони онҳо бо ҳар роҳу усул талош бар он доранд, то ҳарчи бештар ҷавонони ноогоҳу дур аз маърифатро ба доми худ кашанд ва ақидаҳои ифротию хурофотиро бар онҳо таҳмил созанд.

Мағзшӯии наслҳои ояндасоз асосан тавассути сомонаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшудаи террористӣ – экстремистӣ ва дигар шабакаҳои ҳаммонанди интернетӣ сурат гирифта, пурра аз ҷониби давлатҳои муайян ё созмону ташкилоти берунии онҳо маблағгузориву сарпарастӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита дар Паёми соли гузашта ба таври равшан таъкид карда буданд, ки «вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

Бинобар ин таъмини амнияти иттилоотӣ феълан аз вазифаҳои фавқулода муҳим ба шумор рафта, аз аҳли маърифат ва илм, хосса зиёиён ҷиддияти бештар мехоҳад.

24 июли соли 2012 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ихтисоси «Амнияти компютерӣ» дар пояи факултети математикаи ҳамин донишгоҳ таъсис ёфт. Шурӯъ аз соли 2013 донишгоҳ аз рӯи ихтисоси «Амнияти компютерӣ» бо усулҳои риёзӣ ва системаҳои барномавӣ довталабону донишҷӯёнро ҷалб намуд. Яъне ҳадафу зарурати таъсиси ин ихтисос, пеш аз ҳама, омодакунии мутахассисони сатҳи баланд барои идораву муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоту ниҳодҳои гуногуни кишвар дар самти таҳияву такмили барномаҳои компютерӣ ва усулҳои гуногуни амнияти компютерӣ, мустаҳкам намудани дониши технологияи информатсионӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ дар доираи талаботи ҷомеаи муосир, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҳифзи бехатарии иттилоот мебошад.

Ҷомеаи имрӯза ба фазои маҷозии шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ рағбату дилбастагии зиёд дорад ва дар ин замина таҳкими амнияти иттилоотӣ масъалаи фавқулода муҳим аст. Яъне феълан ҳар инсон ё ташкилот, новобаста аз мавқеи ҷойгиршавӣ метавонад зери хатари маҳдудшавии фаъолият, ҳамлаи хакерҳо ё умуман нестшавӣ қарор гирад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тахассуси “Амнияти иттилоотӣ” дар сатҳи идораву муассисаҳои гуногун ба ҷойи кори доимӣ табдил ёбад. Ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ», пеш аз ҳама, муҳофизат кардани системаҳои оператсионии компютерӣ, шабакаҳову додашудаҳоро аз ҳамлаҳои интернетӣ меомӯзонад. «Амнияти иттилоотӣ» чун ихтисос нисбатан нав буда, ширкатҳои зиёди дохилию ҷаҳонӣ торафт бештар эътироф мекунанд, ки барои муҳофизати амният аз ҷиноятҳои киберӣ онҳо ба мутахассисони соҳа ниёз доранд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 54 нафар ихтисоси «Амнияти компютерӣ» (усулҳои риёзӣ ва сиситемаҳои барномавӣ)-ро хатм намудаанд.

Соли 2017 бори аввал аз рӯи ин ихтисос ҳафт нафар мутахассис дар донишгоҳ омода гашт. Феълан мутахассисони ин ихтисос метавонанд чун таҳлилгари барнома, таҳлилгари амният, муҳандиси амният ё меъмори амният фаъолият намоянд. Бар замми ин, мутахассисони амнияти иттилоотӣ метавонанд дар соҳаҳои криминалистикаи рақамӣ ва ҷанги киберӣ ба фаъолият ҷалб шаванд. Яъне дар робита ба заминаҳои техникии худ мутахассис метавонад дар шароити амнияти шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳо ва ё базаи додашудаҳо кор кунад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ

Май 6, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид