Имрӯз дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Душанбе зиёда аз 46 500 нафар иштирок карданд

Май 15, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 15.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Дар маҷмӯъ дар Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе 45 230 нафар, аз ҷумла 17 524 нафар бонувон ва дар марафони велосипедронӣ 1 320 нафар иштирок намуданд. Дар саросари Тоҷикистон беш аз 320 ҳазор нафар одамони синну сол ва касбу кори мухталиф дар Дави миллӣ ширкат варзиданд.

Иштирокдорони маъракаи варзишии мазкурро муовини Сарвазири Ҷумҳрии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода шодбош гуфтанд.


Мавриди зикр аст, ки Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз деҳаи Чорбоғ оғоз гардида, то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе идома ёфт ва ғолибон бо диплому ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва оммавигардонии он бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 инҷониб ҳамасола дар саросари кишвар якшанбеи сеюми моҳи май бахшида ба Рӯзи ҷавонон Дави миллӣ гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар қатори сокинон ва кормандони касбу кори гуногуни пойтахт кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» низ дар Дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд.

АКС: Тоҳир САИД/АМИТ «Ховар»

Май 15, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад