Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комисссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир мегардад

Май 30, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нуҳуми Комисссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, ки имрӯз барои иштирок дар ин ҷаласа ба Душанбе ташриф овард, сурат гирифта, дар он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисод ва тиҷорат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин мулоқоти хоссаи Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов қабл аз баргузории ҷаласа дар нақша аст.

Дар назар аст, ки дар доираи баргузории ҷаласа ҳайати Узбекистон аз корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ва «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе дидан кунад.

АКС аз бойгонӣ

Май 30, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд