Имрӯз дар Москва бахшида ба 30-юмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоишгоҳ ифтитоҳ мешавад

Май 12, 2022 08:55

ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Русия (КМР) имрӯз, 12 май дар бинои нави худ бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия намоишгоҳи «Тоҷикистон: фарҳанг ва анъана»-ро ифтитоҳ менамояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Китобхонаи миллии Русия хабар доданд, маросими ифтитоҳи намоишгоҳ 12 май, соати 16:00 ба вақти Москва (18.00 ба вақти Душанбе) дар бинои нави Китобхонаи миллии Русия дар суроғаи ш. Санкт-Петербург, хиёбони Московский, 165 сурат мегирад.

«Намоишгоҳ дар бораи таърихи халқи тоҷик- куҳантарин мардуми бумии Осиёи Миёна, инчунин оид ба комёбиҳои ҷумҳурӣ, ки соли 1929 ба ҳайати ИҶШС дохил шуда буд ва Тоҷикистони кунунӣ маълумот медиҳад. Дар намоиш нашрияҳои нодири хазинаи тоҷикии шуъбаи адабиёти миллии Китобхонаи миллии Русия ба маърази тамошо гузошта шудаанд»,-хабар доданд дар дафтари матбуоти китобхона.

Миёни китобҳои нодир ёддоштҳои тоҷири бухороӣ Мирзо Шамси Бухорӣ «Дар бораи баъзе воқеаҳои Бухоро, Қӯқанд ва Қошғар», ки шарқшиноси рус Василий Григорйев тарҷума намудааст (Қазон, 1861), асари муаррих Абутоҳир-Ҳоҷӣ «Самария: тавсифи ёдгориҳои таърихии Самарқанд» (Санкт-Петербург, 1904) мавҷуданд. Тамошобинони китобхона бо осори маорифпарварон, шоирон, файласуфон ва олимони тоҷик, аз қабили Аҳмади Дониш, Абӯалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Умари Хайём, инчунин бо достони миллии «Гуруғлӣ» ва афсонаҳои халқӣ шинос мешаванд.

Яке аз бахшҳо доир ба таърихи хатти мардум, вожаҳои аз забони русӣ иқтибосшуда, хусусияти савтӣ ва алифбои форсӣ нақл мекунад. Қисме аз намоишгоҳ ба мусиқии миллии Тоҷикистон, ороишу нақшу нигори мардумӣ, идҳо, расму оин ва ҳунари таббохӣ бахшида шудааст. Намоишро албомҳои аксҳо пурра мекунанд, ки барои саёҳати маҷозӣ ба шаҳрҳои қадимӣ ва маконҳои сайёҳӣ кумак мерасонанд.

Намоишгоҳ дар асоси маводи шуъбаи адабиёти миллӣ ва Хазинаи китоби Русия ташкил гардида, то 29 май идома мекунад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар дода буд, 19 апрел дар Кохи калони Вазорати корҳои хориҷии Русия Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров намоишгоҳи аксҳои ҳуҷҷатиро  бахшида ба 30-солагии барқарор гардидани муносибатхои дипломатӣ миёни Федератсияи Русия ва Точикистон, инчунин дигар кишварҳо- аъзои ИДМ ифтитоҳ намуд.

Акс: КМР

Май 12, 2022 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид