ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАРОИ ҲУҚУҚИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» қабул шудааст

Май 5, 2022 10:51

ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳозонидани даромадгоҳҳои иморатҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, роҳраву дарҳои васеъ, вуҷуд доштани иттилооте, ки бо ҳуруфи брайл чоп карда шудааст, истифода бурдани тарҷумонҳои донандаи забони имову ишора, мавҷудияти кумаку дастгириҳои дигар аз унсурҳоеанд, ки ба маъюб барои дастрас гардидани ҷои кори ӯ, фароғат кардан, ба овоздиҳӣ рафтан, истифода бурдан аз воситаиҳои нақлиёт, дар ҳолати зарурӣ иштирок кардан дар толори мурофиаи судӣ ва ғайра ёрӣ мерасонанд. Агар ба маъюбон иттилоот дастрас набошад ва онҳо имконияти рафту омади озод надошта бошанд, ҳуқуқҳои дигари худро амалӣ карда наметавонанд.

Ин матлабро муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Сайдалӣ БОБОХОНОВ зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон, ки ҳамасола дар ҷаҳон 5 май таҷлил мегардад, баён дошт.

Тибқи иттилои сардори Раёсати пардохти нафақа ва андозҳои нафақавии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрубоншоҳ Раҷабализода, ба ҳолати 1 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи маъюбон 154 ҳазору 459 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 16 ҳазору 981 нафарашон ба гурӯҳи-I, 76 ҳазору 160 нафарашон ба гурӯҳи- II, 33 ҳазору 379 нафарашон ба гурӯҳи III дохил мешаванд. Теъдоди маъбони то 18 –сола 31 ҳазору 939 нафарро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда, сол то сол шароити иқтисодиву иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.

Тавре Сайдалӣ Бобохонов зикр кард, сиёсати давлат нисбат ба маъюбон дар асоси принсипҳои риояи ҳуқуқи инсон, манъ будани табъиз нисбати маъюбон, таъмини дастрасӣ ба инфрасохтор, тавонбахшӣ, баробарии ҳуқуқи маъюбон ва ҳамкории мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои маъюбон амалӣ карда мешавад.

«Ҳифзи ҳуқуқи маъюбон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар моддаи 39 омадааст «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» соли 2010 қабул шуда, танҳо ҷабҳаҳои ҳуқуқҳои маъюбонро ба танзим медарорад, ҳамчунин дар самти мазкур Стратегия, барнома ва нақшаҳои милли қабул шудаанд. Аз ҷумла, Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025 қабул шудааст. Аз 27 феврали соли 2021 Барномаи давлатии «Муҳити дастрас»; бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 №302 «Дар бораи тартиб ва андозаҳои пардохти ҷубронпулиҳои иловагии унвонӣ барои хизматрасонии нақлиёт ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании соли 1941-1945» қабул гардидаанд», — афзуд ӯ .

Сайдалӣ Бобохонов тазаккур дод , ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ин самт санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбонро эътироф намудааст ва дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбон арҷгузорӣ намуда, тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати инсондӯстона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад».

Номбурда ёдовар шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 марти соли 2018 Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон барои давраи то соли 2024 қабул гардида, он амалӣ шуда истодааст.

«Яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Стратегияи фаъолияти мақомоти мазкур барои солҳои 2021-2025 ин мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи маъюбон мебошад. Вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва дастрасии маъюбон ба биноҳои инфрасохторӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мониторигни дастрасии маъюбон ба биноҳои инфрасохторӣ гузаронида шуд. «Мақсади принсипи дастрасӣ бартараф намудани монеаҳои роҳи маъюбон, ки барои риоя шудани ҳуқуқҳои онҳо халал мерасонанд, мебошад. Сухан на танҳо дар бораи дастрасӣ ба объектҳои моддӣ, балки дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, технологияҳое ба мисли интернет ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ меравад», — таъкид намуд ӯ.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷаҳони муосир аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии хеш кӯшиш ба харҷ додааст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар мадди аввал гузорад ва ин масъалаи муҳим дар моддаи 1-и Конститутсияи ҷумҳурӣ дарҷ гардидааст. Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудааст, ки маъюбон доимо таҳти ғамхорию дастгириҳои давлату ҳукумат қарор дошта, ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур нестанд.

Раиси Ташкилоти ҷамиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» Асадулло Зикрихудоев зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ қабули якчанд қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баёнгари он буданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони маъюбиятдоштаро ҳамчун узви баробарҳуқуқ ва ҷудонашавандаи ҷомеа мешиносад. Барои маъюбон як падидаи бениҳоят хурсандибахш ин буд, ки 22-юми марти соли 2018 Пешвои миллат баҳри ба «Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон» ҳамроҳ гардидани Тоҷикистон имзои хешро гузоштанд, ки ин аллакай шинохтани ҳуқуқҳои мо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

«Қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур имкон медиҳанд, ки иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии худи шахсони маъюбиятдошта фаъолият намоянд. Ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон ҳамкории худро чи дар сатҳи маҳал ва чи дар сатҳи ҷумҳурӣ бо сохтор ва кумитаҳои давлатӣ хуб ба роҳ мондаанд. Шоҳиди ин гуфтаҳо фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсоз мебошанд, ки иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон аъзои онҳо буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки манфиатҳои шахсони маъюбиятдоштаро ҳимоя кунанд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон ҳамкории худро бо мақомотҳои давлатӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд. Онҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи маҳал ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзанд ва саҳми худро дар пешрафти Ватани азизамон гузоранд. Шахсони маъюбиятдошта худро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеа ҳисобида, ҳамавақт кӯшиш мекунанд, ки қудрату тавони хешро баҳри пешрафту ободии Ватани азиз сарф намоянд»,-иброз дошт Асадулло Зикрихудоев.

Бояд гуфт, ки фаҳмиши муосири маъюбият онро тақозо менамояд, ки шахсони маъюбиятдошта бояд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолият дошта бошанд ва талаботи онҳо ба назар гирифта шаванд. Яъне на танҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаъол бошанд, инчунин ба ҳаёти сиёсии кишвар низ ҷалб гарданд, чунки узви ҷомеа ва шаҳрвандони комилҳуқуқи ҳамин мамлакат мебошанд ва ҳуқуқ доранд, саҳми худро дар сатҳи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ низ гузоранд.

Мояи хушҳолист, ки маъюбон аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдор ҳастанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ин масъалаҳоро танзим менамояд. Ин қонун соли 2010 дар таҳрири нав қабул шуда, тамоми имтиёзҳое, ки вобаста ба имкониятҳои буҷаи давлат аст барои маъюбон муайян намудааст. Қонуни мазкур муайян кардааст, ки маъюбон ҳуқуқи ройгон дар нақлёти ҷамъятӣ, роҳхати санаторию курортӣ барои барқарор намудани саломатияшонро дороянд. Инчунин дар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо ба андозаи на камтар аз панҷ фоиз аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 5 май дар ҷаҳон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон таҷлил мегардад. Бино ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард одамон яке аз навъҳои маъюбиятро дороянд, ки ин шумора 15 фоизи аҳолии кураи заминро ташкил медиҳад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС аз манбаҳои боз

Май 5, 2022 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи кор бо занон ва оила бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мегузаронад
Имсол дар 36065 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Агентии хизмати давлатӣ: «Қисми зиёди камбудиҳои ошкоршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бартараф гардиданд»
Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирии Вируси норасоии масунияти одам дар конфронси байналмилалӣ матраҳ гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони Исфара ба ҷамъоварии гандум оғоз карданд