Лоиҳаи Қонун «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» мавриди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб иброз намуданд, ки “ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни мазкур ташаккули чорчӯбаи меъёри ягона ва муназзами низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии рушд мебошад, ки тибқи он меъёрҳои зарурии идоракунии банақшагирии стратегӣ дар қонуни мазкур муқаррар гардида, раванди банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии рушд аз давраи банақшагирию таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ то амалисозии онҳо ба низом дароварда мешавад”.
Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» баррасӣ гардид.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва вакили мардумӣ Гулбаҳор Ашурзода таъкид намуданд, ки “лоиҳаи қонуни мазкур ба такмили навгониҳои қонунгузорӣ дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва фаъолияти фармасевтӣ, ҷиҳати беҳтар намудани татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо доруҳо ва молҳои тиббӣ нигаронида шуда, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст”.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» аз 10 боб ва 50 модда иборат буда муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти идоракунии давлатӣ, муомилот, назорати сифат, таъминот бо дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ танзим намуда, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектони фаъолияти фарматсевтӣ, принсипҳо, ваколат, ҷараёни коркард ва таъминоти иттилоотро дар ин самт муайян менамояд.
Масъалаи ниҳоии рӯзнома- лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ вакил Зафар Файзуллозода муаррифӣ намуда, иброз намуд, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади бо низоми муайян анҷом додани савгандёдкунии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ва мутобиқ гардонидани Қонуни конститутсионии мазкур бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Акс: МН МО ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






