Мақсади таълифи китоби «Тоҷикон» таҳкими андешаи миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллист

Май 25, 2022 09:10

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ бе дарки маърифати таърихӣ ҳеҷ халқу миллат наметавонад ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Хушбахтона, дар масири таърих тоҷикон аз зумраи халқҳое мебошанд, ки ба хотираи таърихӣ эҳтиром мегузоранд. Дар асри ХХ, ки нисбат ба андешаи миллӣ таваҷҷуҳ камтар буд, фарзанди фарзонаи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров инро дарк карда, ба хотири таҳкими андешаи миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба таърихи миллат рӯ овард. Ин матлаб зимни ҳамоише, ки дирӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши дастҷамъонаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бахшида шуд, иброз гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Саридора ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш муаррихону донишмандон, кормандони дастгоҳи марказии Саридораи геология, Комиссияи давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ», КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир», ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ», МД рӯзномаи «Ганҷ» ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зикр кард, ки «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат буда, бозгӯкунандаи таърихи миллати тоҷик мебошад. Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург буда, мутолиаи он барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддӣ медиҳад».

Устоди факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Давлатшоҳ Маҳмудов доир ба аҳамияти беназири ин асар дар ташаккули тафаккури миллӣ андешаҳояшро баён намуда, гуфт, ки «муҳимияти ин асари бунёдӣ дар арсаи таърих барои халқи тоҷик ва дигар сокинони давлатҳои пасошӯравӣ он аст, ки дар таърихшиносии миллии ин кишварҳо китоби «Тоҷикон» инқилоби худшиносию худогоҳии миллӣ ба миён овард. Мақсади туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи кишвар низ тақвияти худшиносии миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Мардуми тоҷикро зарур аст, ки ин китобро пурра мутолиа карда, барои боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва сохтани ояндаи дурахшон аз он самаранок истифода намоянд. Ҳар нафаре, ки таърихи миллати худро надонад, аз гузаштаи он бохабар набошад, наметавонад дар шинохти асолати худ қадамҳои устувор гузорад”.

АКС: Саридораи геология

Май 25, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад