Масъалаи таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Май 5, 2022 14:12

ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон дар вохӯрии маҷозии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истиннод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ доир ба механизми таъсиси фондҳои байналмилалӣ гуфт, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ ҳашт қатънома қабул кард ва кишвари мо борҳо дар сатҳи баланд ҳамоишҳои байналмилалӣ доир намуда, масъалаҳои муҳимро баррасӣ кардааст.

Зикр шуд, ки роҳи муассиртарин барои таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон ва эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ворид кардани ин ташаббусҳо ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба пешбурди масъалаҳои таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Инчунин раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки Кумита ният дорад талошҳоро барои ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои фаъолтар ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати мубориза бо тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он идома диҳад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2022 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард