Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

Май 29, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев омадааст:

«Муҳтарам Илҳом Гейдарович,

Бо камоли майл ба Шумо табрикоти гарм ва таманниёти некамро ба муносибати рӯйдоди хотирмон дар таърихи навтарини равобити Тоҷикистон ва Озарбойҷон – 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ ирсол менамоям.

Кишварҳои моро анъанаҳои дерини муносиботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки бар мабнои усули ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод устувор шудаанд, ба ҳам мепайванданд.

Роҳи дар тӯли се даҳсола тайнамударо арзёбӣ карда, бо изҳори қаноатмандӣ мехоҳам тавсеа ва таҳкими пайвастаи ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямонро қайд намоям. Тайи ин давра Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки мо  ҷонибдори рушди минбаъдаи муносибатҳои созандаи ташаккулёфта бо Озарбойҷони бародар мебошем ва омодагии ин ҷонибро барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба нафъи мурдумонамон бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ гардонидани онҳо иброз медорам.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш, ба Шумо саломатӣ ва  дар фаъолиятатон муваффақият, ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу некуаҳволӣ, пешрафт ва рушди босубот орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

29-май аз рӯзи барқарории муносибатҳои дипломатй дар байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Дар робита ба ин рӯйдоди муҳим аз номи худам ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикот ва беҳтарин таманниёти худро изҳор медорам.

Бо вуҷуди ин, ки муносибатҳои дипломатии мо дорои таърихи 30-сола мебошанд, анъанаҳои дӯстй ва ҳамкорӣ байни халқҳоямон тайи асрҳо сурат гирифтаанд. Мехоҳам саҳми азими шахсии Шуморо дар ҳифзу ғанисозии баъдии ин анъанаҳо қайд намоям.

Мо ба рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи Озарбойҷон ва Тоҷикистон аҳамияти бузурге медиҳем. Мояи хурсандист, ки муносиботи байнидавлатии мо бар асоси пояи мустаҳкам, ҳамкориҳои пурсамар дар риштаҳои сиёсй, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба манофеи кишварҳо ва мардумони мо хизмат менамоянд.

Нақши хосе дар таҳкими равобити мо сафарҳои мутақобил дар сатҳи олӣ ва баланд ифо намудаанд. Дар ин росто сафарҳои Шумо ба Озарбойҷон ва сафарҳои ман ба Тоҷикистон имкони таъмиқи ҳамкории моро фароҳам оварданд. Ман ҳамеша боздидҳои ин ҷонибро, ки дар фазои самимона гузаштаанд, бо беҳтарин таассурот ба хотир меорам.

Мутмаинам, ки саъй ва талошҳои муштараки худро барои истифодаи самараноктар аз имкониятҳои мавҷудаи равобити Озарбойҷону Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бар мабнои эътимод ва дастгирии мутақобила пайваста идома хоҳем дод.

Барои Шумо саломатии бардавом, саодат ва барои мардуми дӯсти Тоҷикистон беҳбудй ва шукуфоии абадӣ таманно дорам».

Май 29, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон се медал ба даст оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Ҳамарӯза даҳҳо тонна пиёз ва картошка вориди бозорҳои Тоҷикистон мешавад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Ва ё тоҷикон бо ҳунари волои хеш ҷаҳонро тасхир мекунанд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа се ҷудочии Тоҷикистон ба финал баромад
«БОНУИ ҲУНАР». Тавассути он 60 зану ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманд соҳиби касб мешаванд
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст ва беҳтаринҳо соҳиби ҷоиза шуданд
Хонандагони муассисаҳои таълимии Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» ғолиб омаданд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ олимпиадаи забони русӣ доир гардид
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА-2023». Аз он беш аз 15 ҳазор тамошобин боздид намуд
Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз рӯзи дуюми мусобиқа доир мешавад