ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол пеш аз бозиҳои интихобӣ дар Дубай тамринҳои дастҷамъона баргузор мекунад

Май 11, 2022 08:26

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Дубай ҷиҳати омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ҷамъомади дуҳафтаинаи тамринӣ-таълимӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 19 май пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳаштуми Лигаи олии кишвар барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Дубай сафар мекунад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 3 июн идома меёбад, дастаи Тоҷикистон як бозии дӯстона ба нақша гирифтааст. Ҳарифи футболбозони тоҷик дар бозии санҷишӣ рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд.

Ҳайати мукаммали дастаи миллии Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб, ки 18 май эълон мешавад, 26 бозигарро дар бар мегирад. Аз ин шумора 23 бозигар ба дархости даста барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 шомил карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар Бишкек баргузор мешаванд. Ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ва инчунин панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюмро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Акс: ФФТ

Май 11, 2022 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд