Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 09.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим ҳамчунин, аз номи Маҷлиси Олӣ раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи Ҳукумати мамлакат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.
Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ бо амри сардори ротаи қаровули фахрии гарнизони Душанбе гузашти низомии ротаи қаровули фахрӣ баргузор шуд.









Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор доданд
Барқияи шодбошии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯи об (F1H2O) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон






