Президенти Тоҷикистон Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро аз таҳия шудани барномаҳои мухталиф дар марзҳои ҷанубӣ огоҳ намуданд

Май 17, 2022 13:25

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро (СААД) даъват намуданд, ки ба таҳдидҳои эҳтимолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. «СААД бояд ҷиҳати таҳияи барномаҳои мухталиф дар марзҳои ҷанубӣ омода бошад», — зикр карданд Пешвои миллат 16 май дар ҷараёни суханронии хеш зимни нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмон.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки кишварҳои узви Созмонро зарур  аст талошҳоро барои ҳифзи марзҳои берунӣ ҳарчи бештар намоянд.

Президенти Тоҷикистон ба вазъ дар Афғонистони ҳамсоя, ки тайи даҳсолаҳои охир танҳо бадтар шудааст, таваҷҷуҳ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки заминаи густурдаи ҳуқуқӣ ва механизмҳои мавҷудаи Созмон имкон медиҳад, ки тамоми вазифаҳои ба миён гузошта ҳал карда шаванд.

Сарвари давлат ҳамчунин тазаккур доданд, ки ҳоло низомҳои амнияти дастҷамъӣ пайваста таҳким меёбанд. Ҳамаи ин, ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, имкон медиҳад, ки сатҳи баланди омодагии ҷангӣ нигоҳ дошта шавад.

Президенти Русия Владимир Путин бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт, ки тирамоҳи соли 2022 кишварҳои узви СААД як силсила тамринҳои низомӣ баргузор хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, машқҳо дар қаламрави Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон баргузор мешаванд.

«Мо ҳамчунин бо масъалаҳои муҷаҳҳаз гардонидани неруҳои дастҷамъонаи СААД бо аслиҳа ва техникаи муосир, баланд бардоштани мутобиқати амалиётии қисмҳои низомии онҳо ва беҳбуди ҳамоҳангии амалҳои муштараки сохторҳои низомиямон машғул хоҳем шуд», — гуфт Владимир Путин.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Май 17, 2022 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон