РОҲҲО БОЗ МЕШАВАНД. Узбекистон барои ҳамлу нақли мусофирон ба Қазоқистон роҳи оҳанро барқарор менамояд
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Узбекистон роҳи оҳанро барои ҳамлу нақли мусофирон ба Қазоқистон, ки бар асари пандемия мутаваққиф гардида буд, барқарор менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе аз ширкати «Роҳи оҳани Узбекистон» иттилоъ доданд.
«Дар мувофиқа бо ҶС «НК» «Роҳи оҳани Қазоқистон» ҳамлу нақли мусофирон миёни кишвари мо ва Ҷумҳурии Қазоқистон барқарор карда мешавад. Шурӯъ аз 15 майи соли 2022 қатораи мусофирбари №647/648 ҳаракатро дар хатсайри Нуқус –Бейнеу –Нуқус оғоз менамояд. Аз 16 май қатораи № 1/2 дар масири Алмаато –Тошканд-Алмаато ба ҳаракат медарояд.
Ҳаракати даврии қатораҳо дар масирҳои зикргардида аз истгоҳи роҳи оҳани «Тошканди Марказӣ» ба Қазоқистон дар як ҳафта се маротиба сурат мегирад», — омадааст дар хабаре, ки сомонаи ширкат нашр намудааст. Мусофироне, ки ба Қазоқистон меоянд, бояд маълумотнома оид ба гузаштан аз санҷиши COVID-19-ро тавассути Реаксияи занҷиравии полимеразӣ (РЗП) пешниҳод кунанд.
Аз 15 апрели соли равон ширкатҳои нақлиётии Узбекистон ҳаракати мунтазами автобусҳоро барқарор карданд, ки ду сол қабл бар асари пандемия қатъ шуда буд. 11 апрели соли 2022 Узбекистон ҳаракати ҳаррӯзаи автобусҳоро бо Қазоқистон ва аз октябри соли 2021 бо Тоҷикистон барқарор намуд. Қаблан хатсайрҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон-Узбекистон ва Тоҷикистон-Қазоқистон низ кушода шуда буданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






