САЙЁҲОН БЕШТАР БА АРМАНИСТОН, ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ МАРОҚ ЗОҲИР МЕКУНАНД. OneTwoTrip дар бораи самтҳои машҳуре, ки русҳо дар фасли баҳор интихоб кардаанд, гузориш дод

Май 26, 2022 14:07

ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти ширкат, миёни кишварҳои хориҷӣ Арманистон, Туркия ва Тоҷикистон бештар аз ҳама барои сайёҳони рус маҳбубият пайдо кардаанд. Дар баробари ин талабот ба парвоз ба Арманистон қариб 37 фоиз кам шуда, ба Туркия 11 фоиз афзуд. Нархи миёнаи чиптаи парвоз ба хориҷа дар фасли баҳор барои як нафар ба як тараф 25 000 рублро ташкил дод. Дар ин бора дар натиҷаҳои пажӯҳиши хадамоти банақшагирии сафарҳои OneTwoTrip оварда шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Матбуоти Русия ҳамчунин навиштаанд, ки Тоҷикистон ва Узбекистон ду кишваре мебошанд, ки бо таърихи қадимӣ пайвандгари Роҳи бузурги абрешиманд. Онҳо дар чорроҳаи роҳи тиҷорати ҷаҳонӣ ҷойгир буда, аз замонҳои қадим таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб намудаанд.

Қаблан дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар кишвари мо кадом намуди сайёҳӣ бештар миёни сайёҳон маъруф аст. Тоҷикистон кишвари кӯҳистон буда, баландтарин қуллаҳои ИДМ дар он воқеъанд, аз ин рӯ миёни сайёҳон туризми кӯҳӣ махсусан маъмул буда, табиати зебои кишвар ҳаводорони эко-туризмро бештар ба худ ҷалб мекунад.

Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ буда, туризми фарҳангию маърифатӣ дар он бештар рушд менамояд. Шаҳрҳои таърихию қадимӣ, бозёфтҳои бостоншиносон, санъати сангии ниёгон, расму русум ва ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳону донандагони таърих мароқовар буда, арзиши таърихӣ доранд», — гуфтанд дар Кумита.


Ба гуфтаи намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, сарвати дигари ҷумҳурии мо-олами ҳайвонот аст, ки ба шарофати он дар ин ҷо метавон шикори сайёҳиро истифода кард. Захираҳои обии кишвар имкон медиҳанд, ки рафтинг (як намуди варзиши экстремалӣ) рушд дода шавад.

Дар маҷмӯъ, шароити иқлимии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ин ҷо тамоми намудҳои сайёҳӣ, ки имруз ҳукумат барои он кӯшиш дорад, инкишоф дода шаванд. Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ ба рушди сайёҳӣ дар кишвар таъсири мусбат мерасонад.

“Иштироки ҷумҳурии мо чандин сол паиҳам дар Намоишгоҳи байналмилалии ITB — Берлин ба он мусоидат кард, ки солҳои охир шумораи сайёҳони олмоние, ки аз мамлакати мо дидан намуданд, хеле зиёд шуд.

Ин далели он аст, ки иштирок дар чунин чорабиниҳо ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшида, ба ҷалби меҳмонони хориҷӣ мусоидат менамояд», — гуфтанд дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 26, 2022 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад