Ширкати ҳавопаймоии Nordwind дар масири Қазон –Душанбе парвозҳои мустақим оғоз менамояд

Май 17, 2022 13:23

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 26 май ширкати Nordwind Airlines парвозҳои мустақимро миёни Қазон- пойтахти Тотористон (Русия) ва Душанбе оғоз менамояд. Парвозҳо ҳар ҳафта анҷом дода мешаванд. Ба гузориши АМИТ  «Ховар», дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Қазон хабар медиҳад.

«Ширкати Nordwind Airlines мусофиронро ба парвози нави мустақим аз пойтахти Тотористон ба пойтахти Тоҷикистон даъват мекунад. Парвозҳо дар ҳавопаймои бароҳати Airbus A321 neo бо тарҳи 218 курсии мусофирон анҷом дода мешаванд. Парвозҳо аз 26 май рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд. Давомнокии парвоз тақрибан 3,5 соат хоҳад буд. Ширкати ҳавопаймоии «Nordwind Airlines» бори аввал парвозҳоро ба ин самт аз фурудгоҳи Қазон оғоз менамояд. Парвозҳо тавассути ҳавопаймои Airbus A321 бо зарфияти 218 мусофир анҷом дода мешаванд», омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳо соати 03:05 ба вақти маҳаллӣ аз Қазон парвоз хоҳанд кард. Воридшавӣ ба пойтахти Тоҷикистон соати 08:30 ба вақти Душанбе дар назар аст. Парвози бозгашт соати 10:00 бо расидан ба Қазон соати 11:45 ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Nordwind Airlines (Russian Nordwind Airlines; номи ҳуқуқӣ — ҶДММ «Северный  ветер»)  ширкати русист, ки соли 2008 таъсис ёфтааст. Дар баробари Pegas Fly (Икар) он танзимгари фаръии сайёҳии  «Pegas Touristik»  буда, дар заминаи фурудгоҳи Шереметево ташкил шудааст.

 АКС: © Sputnik / Пивов

Май 17, 2022 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд