Ширкати ҳавопаймоии Nordwind дар масири Қазон –Душанбе парвозҳои мустақим оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 26 май ширкати Nordwind Airlines парвозҳои мустақимро миёни Қазон- пойтахти Тотористон (Русия) ва Душанбе оғоз менамояд. Парвозҳо ҳар ҳафта анҷом дода мешаванд. Ба гузориши АМИТ «Ховар», дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Қазон хабар медиҳад.
«Ширкати Nordwind Airlines мусофиронро ба парвози нави мустақим аз пойтахти Тотористон ба пойтахти Тоҷикистон даъват мекунад. Парвозҳо дар ҳавопаймои бароҳати Airbus A321 neo бо тарҳи 218 курсии мусофирон анҷом дода мешаванд. Парвозҳо аз 26 май рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд. Давомнокии парвоз тақрибан 3,5 соат хоҳад буд. Ширкати ҳавопаймоии «Nordwind Airlines» бори аввал парвозҳоро ба ин самт аз фурудгоҳи Қазон оғоз менамояд. Парвозҳо тавассути ҳавопаймои Airbus A321 бо зарфияти 218 мусофир анҷом дода мешаванд», омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳо соати 03:05 ба вақти маҳаллӣ аз Қазон парвоз хоҳанд кард. Воридшавӣ ба пойтахти Тоҷикистон соати 08:30 ба вақти Душанбе дар назар аст. Парвози бозгашт соати 10:00 бо расидан ба Қазон соати 11:45 ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Nordwind Airlines (Russian Nordwind Airlines; номи ҳуқуқӣ — ҶДММ «Северный ветер») ширкати русист, ки соли 2008 таъсис ёфтааст. Дар баробари Pegas Fly (Икар) он танзимгари фаръии сайёҳии «Pegas Touristik» буда, дар заминаи фурудгоҳи Шереметево ташкил шудааст.
АКС: © Sputnik / Пивов








РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд
Сардори Хадамоти алоқа дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
Масъалаи таъсиси Маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» баррасӣ шуд
Дар Душанбе марҳилаи дуюми ҳакатони минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид
Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҷаласа оид ба хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ дар Бишкек иштирок намуданд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 32 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар доираи «MAZU» тақвият меёбад
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғарӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид






