Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лебедев масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкориро дар доираи ИДМ баррасӣ карданд

Май 12, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Кумитаи иҷроия -Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев доир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусоҳибон масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ карда, перомуни рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Котиби иҷроияи ИДМ ба роҳбари мақомоти корҳои хориҷӣ дар бораи рафти омодагиҳо ба ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ маълумот дод.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 13 май дар шаҳри  Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.

Дар ҷаласа иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар назар аст.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирад.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 12, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд