Сироҷиддин Муҳриддин ва Владимир Норов ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистонро баррасӣ карданд

Май 13, 2022 10:18

ДУШАНБЕ, 13.05.2022. /АМИТ Ховар/. Имрӯз, 13 май дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидори Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали вазир, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Владимир Норов баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот мусоҳибон аз сатҳи баланди ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон изҳори қаноатмандӣ карда, маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима намуданд.

Гузашта аз ин, перомуни масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳи баланд ва олӣ табодули афкор сурат гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 13, 2022 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд