ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 май, сешанбе, 144-умин рӯзи соли 2022 аст

Май 24, 2022 08:00

24 майи соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нахустин  бор бо сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия рафтанд.

***

12 сол пеш, 24 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими пешвозгирии расмии Президенти вақти Хорватия Степан Месача баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Беларус бо қарори Шӯрои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус» сарфароз гардонда шуданд.

24 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии мамнӯъгоҳҳо.

***

Дар Русия — Рӯзи кормандони шуъбаи кадрҳо.

 ***

Дар Эритрея – Рӯзи истиқлоли давлатӣ.

 РӮЙДОДҲО:

24 майи соли 1032 нахустин маротиба донишманд ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино аз гардиши  Зуҳра дар атрофи Офтоб хабар дод.

***

24 майи соли 2001 дар Минск вохӯрии 10-уми Шӯрои роҳбарони  сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои  роҳандозӣ кардани чорабиниҳои муштараки фаврӣ- ҷустуҷӯӣ нисбат ба ҷамъиятҳои муташаккилонаи фаромиллии ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

***

14 сол қабл, 24 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-байналмилалӣ барои ҷавонони тарҷумони асарҳои бадеии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 майи соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин маротиба дар Осиёи Марказӣ Маркази пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои бадани одам ба фаъолият шурӯъ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 миёни Тоҷикистон ва Беларус 10 ҳуҷҷати байнидавлатӣ имзо шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1844  телеграфи Морзе (содатарин асбоби  фиристодани сигналҳо) аввалин барқияро аз Вашингтон ба Балтимор равон кард.

***

Соли 1925 нахустин шумораи рӯзномаи «Комсомолская правда» нашр шудааст, ки он дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ миллионҳо нусха чоп  мешуд ва яке аз рӯзномаҳои бонуфузтарини собиқ СССР буд.

Май 24, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд