Тамринҳои дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Гулистон ҷараён доранд

Май 24, 2022 09:36

ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев омодагиро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки ҳафтаи оянда дар Узбекистон оғоз мешавад, идома медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон дар реҷаи тамринии дукарата ҷараён дорад.

25 май дастпарварони   Аслиддин Ҳабибуллоев бо ҳамсолонашон аз Узбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Металлург»-и Бекобод баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июн дар Узбекистон доир мешавад, дастаи миллии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3 июн), АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) хоҳанд буд.

Акс: ФФТ

Май 24, 2022 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд