24 июн дар Душанбе дуюмин Фестивали дӯстӣ таҳти унвони «Ҷавонон – дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ» баргузор мешавад

Июнь 24, 2022 11:27

ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 24 июни соли равон дар пойтхт дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ» баргузор карда мешавад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Ҳадафи баргузории Фестивали мазкур  ин баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии мамлакат мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе   масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукот ва  бо сохторҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивал ҷавонон дар шаҳри Душанбе вазифадор  намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 16-19 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» аввалин Фестивали дӯстии ҷавонон баргузор гардида буд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2022 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд