27 июн дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегардад

Июнь 21, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 21.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазораи фарҳанги мамлакат.

Барномаи фарҳангию фароғатӣ 27 июн, соати 18:00 оғоз гардида, пеш аз оғози он намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.

Ҳамзамон дар чор ноҳияи пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ баргузор мешаванд.

Инчунин дар ин рӯз, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир гардида, дар театрҳои шаҳри Душанбе намоишҳои ҷолибу диданӣ ва барномаҳои фарҳангӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт манзур мегарданд.

Хотиррасон мешавем, ки 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.

АКС: манбаъҳои боз

Июнь 21, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд