Роҳи мошингарди деҳаҳои Меҳнатобод – Гулистони ноҳияи Ҳамадонӣ мумфарш мегардад
ДУШАНБЕ, 04.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба пешвози 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ корҳои асфалтпӯшонии роҳи мошингарди деҳаҳои Меҳнатобод – Гулистон оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Таъмиру навсозии роҳи мазкур аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, дарозии он 3,5 км-ро дар бар мегирад. Ин роҳ деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати Меҳнатободро бо деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон пайваст менамояд. Паҳноии роҳи мазкур 5 метрро ташкил дода, дар масири он ду пули дигар низ пурра таъмиру навсозӣ шудаанд.
Сокинони деҳаҳои мазкур иброз доштанд, ки таъмир гардидани роҳ ва ду пули дигар дар давоми он мушкили чандинсолаи онҳоро осон мегардонад.
Дар маросими мазкур раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода, масъулини ҷамоатҳои деҳоти зикршуда ва пирони рӯзгордида ширкат намуданд.Бо дуои неки пирони рӯзгордида корҳои асфалтпӯшонии роҳи мазкур оғоз гардид.
Бозоралӣ Одиназода зикр кард, ки дар асоси нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ корҳои созандагию бунедкорӣ дар ноҳия бомаром идома дошта, дар он соҳибкорони бо нангу номуси маҳаллӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Сокинон барои зоҳир намудани чунин ғамхорӣ ба давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни таърихӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, дар пешрафт ва зебогардонии ноҳия саҳми худро мегузоранд.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ











Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






