АҲСАН! Варзишгари тоҷик Моҳрў Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо медали биринҷӣ ба даст овард

Июнь 28, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24-27 июн дар шаҳри Чунчеони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати Осиё оид ба таэквондо доир гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат карданд. Дар рӯзи охири чемпионат варзишгари тоҷик Моҳрў Ҳалимова дар вазни -67кг миёни бонувон медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Куматаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Моҳрў муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Қатар Марам Фетнасси пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулиана Ал-Содиқ мағлуб гардида, ҷои сеюмро гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар 25-ум Чемпионати Осиё 229 варзишгар аз 33 давлати қора ширкат карданд.

Аз ҷумҳурии мо Маҳмадҷон Суннатов (63кг), Муҳамадҳусейн Шомаҳмадов (68кг), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (80кг), Ширин Миршакарзода (49кг), Муниса Ойматова (53кг) ва Моҳрў Ҳалимова (67кг) ба Корея сафарбар гардида буданд.

Ин чорум медали Моҳру Ҳалимова дар Чемпионати Осиё мебошад. Ӯ соли 2016 медали нуқра ва солҳои 2018, 2021 медали биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор гардидааст.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июнь 28, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд