«АЙ БУЛБУЛИ ХУШИЛҲОН…». Дар Душанбе маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон арбобони барҷастаи сиёсат, фарҳанг ва илму ҳунар кам нестанд, ки аз қазо дар рӯзи мавлуди худ ба марг расидаанд. Ба мисли Франклин Рузвелти хурдӣ, Вилям Шекспир, Гертруда Астор, Френсис Вульф, Майк Дуглас… Ва яке аз ситораҳои тобноки Шарқ Аҳмад Зоҳир низ аз ҳамин шумор аст: ӯ 14 июн (соли 1946) ба дунё омада, 14 июн (соли 1979) ин ҷаҳонро тарк намудааст. Ва имрӯз аз рӯзи таваллудаш 76 сол ва аз рӯзи даргузашташ 43 сол ситпарӣ мешавад.
Агар аз 76 мо 43-ро кам кунем, 33 боқӣ мемонад. Бале, Аҳмад Зоҳир ҳамин қадар умр дида буд, вале дар тӯли ин зиндагии кутоҳ ӯ аз худ нақши носутурданӣ ва мероси гаронбаҳо ва зебое боқӣ гузоштааст.
Дар Тоҷикистон, чун дар Афғонистону Эрон ва дигар гӯшаҳои сайёра ҳаводорони овози дилнишин ва оҳангу таронаҳои марғуби Аҳмад Зоҳир хеле зиёданд ва ҳар сол аз мавлуди ӯ ҷашн мегиранд. 10 июни соли ҷорӣ дар тарабхонаи «Боми ҷаҳон»-и шаҳри Душанбе ба ин муносибат маҳфили ёдбуд баргузор гардид, ки дар он мухлисони ин сарояндаи нотакрор ба ҳам омада, аз ӯ ёд ва суруду таронаҳояшро бозхонӣ намуданд.
Тӯҳфа Қосимова, овозхони ҷавон, гуфт, ки аз хурдӣ Аҳмад Зоҳирро гӯш мекард ва бештари таронаҳояш бозхонии сурудҳои ӯ мебошад. Маҳз овози марғуладори Аҳмад Зоҳир ӯро ба ҷодаи овозхонӣ ва гулбоғи зебову муаттари ҳунар даъват ва ҳидоят намудааст.
Инчунин Бахтиёр Раҳмонӣ, корманди Донишгоҳи миллӣ низ ёде аз овони кӯдакию наврасии худ намуда, иброз дошт, ки мафтуни таронаҳои Аҳмад Зоҳир мебошад ва тамоми сурудҳо ва аксҳояшро ҷамъоварӣ кардааст. Худ низ гоҳ-гоҳ дар маҳфили дӯстон таронаҳои Аҳмад Зоҳирро замзама месозад.
Дар Тоҷикистон овозхоне нест, ки таронае аз Аҳмад Зоҳир нахонда бошад. Миёни ҳаводоронаш одамони зиёдеро метавон дид, ки намуди зоҳирии худ ва ё сабки овозхониашонро шабеҳи ӯ кардаанд. Ва ба лаҳни ҳофизи дӯстдоштаашон месароянд:
Ай булбули хушилҳон, бо гул бувадат паймон,
Бархез баҳор омад, бо гулбуни гул хӯ кун…


ДАР АКС: лаҳзаҳо аз маҳфили ёдбуди Аҳмад Зоҳир дар тарабхонаи «Боми ҷаҳон»-и Душанбе, 10 июни соли 2022.
Ҳусейн Раҳматӣ, сухангӯи сафорати Афғонистон низ ёде аз Аҳмад Зоҳир намуда, тазаккур дод, ки Аҳмад Зоҳир марзҳоро шикаста ва мардумони форсизабонро даври ҳам овардааст. Аз марги ӯ 43 сол сипарӣ гаштааст, аммо миёни форсизабонон ҳанӯз ҳам маҳбуб аст. Дар Тоҷикистон ҳам муҳаббати зиёд дорад, аз ҳар дару девор овози Аҳмад Зоҳир мунтазам ба гӯш мерасад.
Файзалӣ Саид, яке аз ҳаводорони суруду садои Аҳмад Зоҳир, ки низ дар ин маҳфил ширкат дошт, бо ифтихор аз дидораш бо Аҳмад Зоҳир қисса кард. Охири солҳои 70-ум ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст. Авохири моҳи майи соли 1979 гурӯҳи бузурге аз ҳунармандони Тоҷикистон дар Афғонистон консерт доир карданд. Аҳмад Зоҳир ҳам он ҷо ҳузур доштааст. Ва Саидов аз он консерт чанд акс мебардорад.
Шояд ин аз охирин аксҳои Аҳмад Зоҳир аст, чун баъд аз як моҳ аз ин консерт ӯро дар ағбаи Соланг ба қатл расониданд…
«Ман наздаш рафтаму гуфтам наворбардорӣ тамом шуд ва ман бо шумо акс гирифта натавонистам. Гуфт, хуб мо акнун бародар шудем. Насиб бошад, ягон мавриди дигар даст дод, бо ҳам акс мегирем… Афсӯс, насиб набудааст…».
Вале Худованд олами зебову рангинеро насиби мо гардонидааст ва зару зевари ин олами зебо эҷодиёти гуворои ин хунёгари мумтоз андар бештар аз 20 албоми таронаҳо мебошад.
Ёдаш ба хайр!
Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид






