Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи коршиносони байналмилалӣ дар Истанбул иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи коршиносони байналмилалӣ дар мавзӯи «Роҳандозии шабакаи ҳушдори аввалия дар самти муқовимот бар зидди терроризм барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» оғоз гардид. Ҷониби Тоҷикистонро дар конфронси мазкур олимону таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои мартбут ба муқовимат бар зидди терроризм аз мақомоти дахлдори кишвар намояндагӣ менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур дар бахшҳои «Таҳлили воқеаҳои дохилӣ дар Афғонистон», «Амнияти сарҳад, назорат сарҳадӣ ва таҳдидҳои аз Афғонистон бароянда» ва «Буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ҳамчун таҳдид ба суботи минтақавӣ» муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ва дигар коршиноси кишвар бо таҳлилҳои ҷолиб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, чорабинии мазкур бо суханронии ифтитоҳии Намояндаи махсуси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталия Герман ва Директори Дафтари зиддитеррористии СММ Доктор Ҷаҳонгир Хон ифтитоҳ гардид.
Сипас намояндагони раёсатҳои марбут ба муқовимат бар зидди терроризм аз мақомоти дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мавқегирӣ аз кишварҳои худ оид ба вазъи кунунии равандҳои сиёсию амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ ва таҳдиду хатарҳои мавҷуда дар ин минтақа суханронӣ намуданд.
Ҳамоҳангсозони доимии СММ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба корҳои амалӣ, тадбирҳои андешидашуда ва ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои минтақа дар самти мубориза бар зидди экстремизми хушунатомез ва терроризми байналмилалӣ изҳори андеша намуданд.
Тибқи барномаи чорабинӣ аз сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бар зидди терроризм, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ Шодӣ Ҳафиззода баромад намуда, оморҳои мушаххас ва ҷолибро дар самти мубориза бар зидди экстремизми хушунатомез ва терроризми байналмилалӣ ироа намуд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси муштараки Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ ва Дафтари зиддитеррористии СММ дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Ба сӯи татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи ҷаҳонии зиддиттеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ – марҳилаи 4 доир» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни сохторҳои қудратӣ, сохторҳои марбут ба муқовимат бар зидди терроризм, коршиносон, намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин механизмҳои минтақавӣ дар самти муқовимат бар зидди терроризм ҷиҳати коркарди шабкаи ҳушдори аввалия дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун платформа барои баланд бардоштани иқтидор ва коркарди стратегияҳои зиддитеррористии самарабахш ва андешидани тадбирҳо барои вокуниши созгор бар зидди таҳдиду хатарҳо ба амният ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки дар кори ҳамоиш намояндагони Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ ва Дафтари зиддитеррористии СММ, намояндагони дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, олимону пажӯҳишгарон, коршиносони масъалаҳои сиёсию амниятӣ аз марказҳои зеҳнии минтақавӣ ва намояндагони раёсатҳои марбут ба муқовимат бар зидди терроризм аз мақомоти дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Акс: МТС ҶТ








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






