Ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми сатҳи баланд оид ба об дар Лисабон иштирок намуд

Июнь 29, 2022 16:55

ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар доираи Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус дар шаҳри Лисабон Симпозиуми сатҳи баланд оид ба об баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Симпозиум бо сухани ифтитоҳии Вазири муҳити зист ва иқлими Португалия Дуарте Кордейро, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Вазири кишоварзӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва кооперативҳои Кения Франсис O. Овино, ва муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин оғоз гардид.

Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар дар бораи кӯшишҳои Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд, раванди татбиқи ташаббуси чоруми Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028, натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти пиряхҳо дар ҳифзи захираҳои об ва ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 чун соли байналмиллалии муҳофизати пиряхҳо сухан гуфт.

Симпозиуми сатҳи баланд оид ба об яке аз чорабиниҳои муҳимми тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  6-9 июни соли 2022  дар Душанбе баргузор гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 29, 2022 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд