Академики Академияи илмҳои Русия Алексей Завалин: «Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд ба ҳалли масъалаҳои об натанҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон низ мусоидат менамояд»

Июнь 7, 2022 12:57

ДУШАНБЕ,07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Конфронси дуюми  байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки имрӯзҳо дар пойтахти Точикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст,  ба ҳалли масъалаҳои марбут ба  об натанҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ,  балки дар сатҳи ҷаҳон низ мусоидат хоҳад намуд», — гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Академик, роҳбари бахши заминсозӣ, мелиоратсия, об ва хоҷагии ҷангали  Академияи илмҳои Русия  Алексей Завалин.

Мавсуф афзуд, ки ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ гардидаанд, дар ҳалли масъалаҳои об дар сайёра мусоидат менамоянд.

«Мебоист таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи манбаъҳои обӣ, ки барои сайёра дар асри 21 хеле муҳим аст, аз ҷониби бархе аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои қораи Африқо, ки ба норасоии об танқисӣ мекашанд, мавриди истифода қарор гирад. Зеро пешрафту шукуфоии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳар як кишвар қабл аз хама ба об ва захираҳои обӣ ва истифодаи самарабахшу оқилонаи он иртиботи қавӣ дорад», — тазаккур дод ӯ.

Ба андешаи А. Завалин, конфронс бори дигар ҷомеаи ҷаҳонро ба он водор менамояд, ки дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об роҳҳои самарабхшу афзалиятноки ҳамкориро пайдо  намоянд.

 Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2022 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»