Бонки Осиёии Рушд гузаргоҳҳои асосии сарҳадии Тоҷикистонро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мегардонад

Июнь 23, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 23.06.2022/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҷдиди сохтмони иншоот ва таҷҳизонидани гузаргоҳҳои асосии сарҳадии кишвар бо таҷҳизоти муосири техникӣ дар мулоқоти маҷозии муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти гумруки кишвар.

Азим Турсунзода зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо аксари кишварҳои аъзои Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар савдои хориҷӣ тамоюли мусбат мушоҳида карда мешавад. Аз ҷумла, бо  Ҷумҳурии Узбекистон савдои хориҷӣ 21 маротиб афзуд.

Амалишавии Лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ» тибқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 24 апрели соли 2013 ба имзо расида буд. Ҳадаф ва вазифаҳои Лоиҳа – ноил гардидан ба фаъолияти пешрафта, пешгӯишаванда ва манфиатноку сарфакоронаи байнисарҳадии нақлиётию тиҷоратӣ дар давлатҳои аъзои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ мебошад.


Лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид  ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ», ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ гардида буд,  31 декабри соли 2021 пурра ба анҷом расид.

Таъсиси низоми «Равзанаи ягона миллӣ» барои ислоҳоти рушди  иқтисодиёти рақамии кишвар аҳамияти хоса дошта, низоми мазкур бо мақсади соддагардонии бақайдгирии расмиёти содироту воридот ва транзит таҳия гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2021 бо иштироки 11 вазорату идораҳои давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2020 расман мавриди истифода қарор гирифт.

Ҳамчунин дар вохӯрии маҷозӣ дигар масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Бонки Осёии  Рушд баррасӣ гардиданд.

  АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст