Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива – «Ичан – Қалъа»
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива — «Ичан — Қалъа» боздид ба амал оварданд.
Иттиллоъ дода шуд, ки Хива яке аз қадимтарин шаҳрҳои Узбекистон буда, дар тӯли таърих барои инкишофи маданияти маънавӣ ва моддии мардум саҳми арзанда дорад.
Хива яке аз марказҳои сайёҳии байналхалқӣ эътироф гардида, дар шаҳр зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ нигоҳ дошта мешавад.
Дар шаҳри бостонии Хива қисми қадимаи он «Ичан — Қалъа» то замони мо бегазанд боқӣ мондааст.
Ёдгориҳои нодири Хива маҳсули эҷодии кори ҳунармандони маҳаллӣ мебошад, ки анъанаҳои чандинасраи меъмории Хоразми қадимро ба мерос мондаанд.
12 декабри соли 1990 «Ичан — Қалъа» дар Осиёи Марказӣ ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф шуда, ба Рӯйхати мероси моддии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Дар асри 19 шаҳри Хива ба ду қисм ҷудо шуд: «Ичан-қалъаи Шаҳристон» қисми дарунии шаҳр ва «Дешон-қалъа-работ» шаҳри беруна бо даҳҳо қишлоқҳои атрофи шаҳр.
Деворҳои қалъаи «Ичан-Қалъа» бо мурури замон борҳо вайрон ва аз нав сохта шудааст. Доираи деворҳои қалъа қариб 2200 метр, баландиаш 7-8 метр ва ғафсии таҳкурсӣ 5-6 метрро ташкил медиҳад.
Баъди шиносоӣ бо мавзеъҳои қадимаи шаҳри Хива Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва бостоншиносон барои муаррифии шоистаи шаҳри қадимаи Хива изҳори сипос карда, ба мардуми дӯсти узбек дар роҳи гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ комёбиҳои беназир орзу карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






