Дар Қасри сафед тасдиқ карданд, ки Ҷо Байден ният дорад номзадии худро маротибаи дуюм пешбарӣ намояд

Июнь 15, 2022 12:40

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Ҷо Байден ният дорад, ки дар интихоботи соли 2024 маротибаи дуюм номзадии худро пешбарӣ намояд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе, 13 июн котиби матбуоти Қасри сафед Карин Жан-Пер дар шабакаи телевизионии CNN изҳор дошт.

«Метавонам бигӯям, ки президент чанд маротиба изҳор дошт, ки дар интихоботи соли 2024 номзадии худро пешбарӣ мекунад», — гуфт ӯ.

Қаблан рӯзномаи «The Hill» хабар дода буд, ки Байдени 79-сола ба президенти собиқ ИМА Барак Обама гуфтааст, ки ният дорад дар интихоботи президентии соли 2024 ширкат варзад. Аммо, тавре нашрия зикр кардааст, рейтинги паст метавонад ба ӯ барои дубора интихоб шудан монеъ гардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 15, 2022 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид