«ДАР ДУНЁ ҲЕҶ НЕРУЕ БУЗУРГТАР АЗ ҚУВВАИ ВАҲДАТ НЕСТ!». Чунин иброз медорад мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур Зебинисо Султонова

Июнь 26, 2022 12:48

ДУШАНБЕ, 26.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Инак 25 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёди  давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар фазои сулҳу суббот, адолату амният ва осоиштагӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор қадам мезанад. Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 90-уми асри 20  Тоҷикистон дар баробари дигар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди  Шўравӣ истиқлолият ва давлатдории миллии худро расман эълон намуд. Ин истиқлолият ва ягонагӣ баёнгари орзуву ормонҳои ҳазорсолаи абармардони миллати тоҷик буд, ки барои расидан ба ин ҳадафи олӣ дар саҳнаи таърих яке бо қалам ва дигаре бо ҷасорату мардонагӣ ҷонбозиҳои зиёд намудааст. Ин матлабро мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зебинисо  СУЛТОНОВА бахшида ба Рўзи  Ваҳдати миллӣ баён намуд.

Ҳамсуҳбати мо ёдовар шуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол дар рӯзҳои нахустини давлатдории миллии худ, дар роҳи сохти ҷомеаи демократӣ нахустин қадамҳои худро гузоштан буд, ки душманони дохилию хориҷӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба сараш бор намуданд. Вазъи сиёсӣ рӯз то рӯз дар мамлакат мураккаб гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари тозаистиқлол хатари нестшавӣ таҳдид мекард.

— Дар ин лаҳзаҳои ҳассоси таърихи барои миллати тоҷик нафаре лозим буд, ки худро фидо кунаду миллатро сарҷамъ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламонро таъмин созад. Хушбахтона бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва ин марди таърихӣ дастёбии сулҳи тоҷиконро ба миён гузошт ва ба заминаҳои рушди кишвар оғоз бахшид, — изҳор  намуд ў.

Мавсуф илова кард, ки бо талошу заҳмат ва ҷонбозиҳои зиёди ҷавонмарди сарнавиштсоз Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпараст, меҳандӯст ва сулҳхоҳи тоҷик баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузошта, ниҳоятан 27 июни соли 1997 «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия имзо намуданд ва Ваҳдати миллӣ ба даст омад.

— Сулҳу суботе, ки дар   натиҷаи ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо мебошад. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба оғози ҳаёти осоишта қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд, — мегўяд Зебинисо Султонова.

Номбурда ёдовар шуд, ки пас аз мусолиҳаи миллӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ,  шурӯъ аз оғози соли 2000 то инҷониб Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди мамлакат ҳадафҳои стратегиро интихоб намуда, барои таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фазои қонунгузориро дар мамлакат ба миён гузошт ва бо қабултатбиқгардони санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва қонунҳои амалкунанда имкон дод, ки волоияти қонун дар мамлакат таъмин гардад.

— Дар воқеъ, бо гузашти 25 соли пойдории Ваҳдати миллӣ ва дар заминаи қонуни асосӣ, яъне Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва қонунҳои миллӣ аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар» ва даҳҳо қонунҳои дигар қабул карда шуданд, ки бо татбиқи онҳо пеши роҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ исрофкорию зиёдаравӣ гирифта шуда, осоиштагӣ ва дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандустӣ ва раҳнамун сохтани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адолатпарвар мусоидат намуд. Дар самти татбиқи қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштан маърифатнокии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо бошад, саҳми ҳукумату давлат, вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, бахусус сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ хеле зиёд аст, — тазаккур дод ў.

Мудири бахши САҲШ-и  ноҳияи Шоҳмансур Зебинисо Султонова даъват кард, ки «Шоиста аст, ки тамоми инсоният дар эҷоди ваҳдат ҳарчи бештар кӯшиш кунанд. Зеро башар дар  ҳама ҳолат ба ваҳдат ниёз дошт ва дорад. Дар ҷомеае, ки ниҳоли ваҳдат кишта шуд, дар муддати кӯтоҳ  меваи муваффақият дод. Биёед, бо шукргузорӣ аз истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии мамлакатамон, барои таҳкими  бештари он бикӯшем ва рӯҳияи истиқлол дӯстиро дар афкори ҷомеа, махсусан ҷавонон тақвият намоем. Дар дунё ҳеч неруе хуштар аз ваҳдат нест. Зеро хушбахтии дунё аз ваҳдат сарчашма мегирад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2022 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мавлоно бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифат мебошанд»
ҚОНУНИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ. Маблағҳои сарфашуда барои беҳдошти саломатӣ, таҳсили фарзандон ва шароити хуби хонаводаҳо равона гардид
Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддӣ ва инқилоби маънавию фарҳангиро ба вуҷуд овард
Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР ДАР МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ. Эъто ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Ин рӯзи риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак мебошад
ТАВАҶҶУҲ! Аз пагоҳ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок маҳдудият ворид мешавад
«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ
Ба қабули Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ 10 сол пур мешавад