Дар Душанбе таҳти унвони «Омилҳои ташаккули матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930» ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанг аз ҷумлаи ганҷинаи гаронбаҳои халқи сарбаланди тоҷик маҳсуб ёфта, сарчашмаҳои чопии таърихию фарҳангӣ, ахлоқию маънавӣ, илмию таълимиро гирдоварӣ менамояд ва барои насли оянда ҳифзу нигаҳдорӣ мекунад». Ин матлабро имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Омилҳои ташаккули матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930» баён намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш бо ибтикори Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китобхонаи китоби Тоҷикистон ва иштироки профессорон, номзадҳои илм ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд.
Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки «бо мақсади риояи меъёрҳои байналмилалӣ аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде дар кишвар ба сомон расонида шуд. Тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо ба талаботи замони муосир кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои бузурги соҳавии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин росто, бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ расман ба узвияти Агентии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб пазируфта шуда, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005 Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ намояндаи ин Созмони бонуфӯз дар ҷумҳурӣ таъйин гардид ва ба Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» тағйири ном кард».
Гуфта шуд, ки айни замон Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» маркази ягонаи таъсисдиҳандаи Рақами стандарти байналмилалии китоб барои муассисаҳои табъу нашр, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ, инчунин бақайдгирии нашри чопии матбуоти кишвар, маркази библиографияи давлатӣ, омори матбуот ва ҳифзу нигаҳдорандаи бойгонии нодири матбуоти миллӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Вазири фарҳанг аз маъмурияти муассиса даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида тамоми намуди осори нашрие, ки дар бойгонии муассиса нигаҳдорӣ мешаванд, баҳри ҳифзу нигаҳдорӣ ба шакли электронӣ баргардон намоянд, зеро рақамигардонии осори нашрӣ яке аз талаботҳои замони муосир меҳсуб мегардад.
«Дар тамоми давраҳои инкишоф матбуот рисолати азалии худ-огоҳонидани ҷомеа аз воқеъаву рӯйдоди навин, шарҳу тавзеҳ ва баррасии масъалаҳои муҳим, тарғиби анъанаҳои нек, ғояҳои пешқадам, тарбияи завқи зебоипарастии мардум, ифшои камбудиҳо, мубориза бо амалҳои номатлуб ва амсоли инро иҷро намудааст. Аммо рисолати матбуот дар замони Истиқлолият боз ҳам васеътар гардид. Воқеан, воситаҳои ахбори оммаи кишвар яке аз унсурҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар рушду нумуи мамлакат ва ҷомеа нақши бориз доранд», — иброз намуд Зулфия Давлатзода.
Ҳамчунин аз ҷониби иштиродорон доир ба мавзуъҳои «Замина ва омилҳои ташаккули матбуоти даврӣ дар солҳои сиюм, «Раванди ташаккули низоми матбуоти даврӣ дар солҳои 1920-1930 (дар мисоли маҷаллаҳо «Нақши матбуот дар ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат» маърузаҳои ироа гардиданд.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд






