«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид

Октябрь 5, 2026 15:55

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Достони худшиносӣ»- таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар, ки дар қолаби ҳамосаи миллӣ таълиф шудааст, нашр гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму адаб, муҳаққиқон, рӯзноманигорон, зиёиён ва дӯстдорони каломи бадеъ рӯнамоии китоби мазкур  доир гардид. Дар он иштирокчиён доир ба мазмуну муҳтаво ва идеяи асосии асар баёни андеша намуданд. Ин китоб дар Нашриёти «Адиб» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва форсӣ чоп шудааст.

Ин асар  дар шакли достон таълиф гардида, истиқбол аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Дар «Достони худшиносӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун персонажи асосӣ интихоб шудааст.

Муаллиф дар мисоли Пури Раҳмон  образи бадеие офарида, ки хислатҳои ватандӯстона, инсонпарварона, неку шоиста ва адабпарваронаи Пешвои миллатро ифода менамояд. Маҳз ҳамин образ дар маркази достон қарор дошта, тавассути он шоир роҳи расидан ба сулҳ, бунёди давлатсозии миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангиву суннатиро дар замони соҳибистиқлолӣ инъикос мекунад.

Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии достонро меҳру муҳаббат, садоқату самимият ва эҳсоси гарми Пури Раҳмон нисбат ба халқи тоҷик, забону фарҳанг ва таъриху тамаддуни куҳани тоҷикон ташкил медиҳад.

Муаллиф тавассути ҳиссиёту андешаҳои ботинии  қаҳрамон воқеяти замон ва ташаккули ҳаёти имрӯзаро дар набардҳои дохиливу берунӣ нишон медиҳад. Инчунин дар ин достон хонанда метавонад аз паҳлуҳои дигари шахсияти Пури Раҳмон дар муттаҳид кардани мурдум, гирифтани пеши роҳи хушунату хунрезӣ ва бунёд намудани давлати муосири пешрафта воқиф шавад.

Дар асар ҳунари тасвир ба шоир имкон додааст, ки дар як сужа замони асотирӣ, ҳамосӣ ва таърихиро ба ҳам орад ва пайванди дирӯзу имрӯзро ба хотири фардо нишон диҳад. Шоир хизматҳо ва симои қаҳрамонҳояшро мукаммал сохтааст. Ҳамин тарзи баён ба ӯ имкон додааст, ки андешаҳои шахсии худро дар бораи Ватан баён намояд ва нишон диҳад, ки Ватан боиси ифтихору сарбаландии ҳар инсон аст.

Бояд гуфт, ки «Достони худшиносӣ» дар назми муосири тоҷик саҳифаи тоза боз карда, нахустин кӯшишҳои ҷиддии дар қолаби ҳамосаи миллӣ офаридани симои Сарвари давлат мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 5, 2026 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд